Муноқишаи оштинопазир ду ҳамдеҳаро ба кордзанӣ расонд

Ҷангу ҷанҷол ва оштинопазирӣ сабаби бо корди хоҷагӣ ба якдигар ҳуҷум кардани ду марди ноҳияи Спитамен гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар натиҷаи муноқишаи оштинопазир як марди 54-солаи  ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба бадани марди 34-солаи ҳамин ноҳия корд задааст,  иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Баҳси муйсафеду пиразан ба кордзанӣ мунҷар шуд

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД дар ноҳияи Спитамен бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми феврали соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар рӯ ба рӯи осоишгоҳи “Сарчашма” бо марди 54-солаи сокини деҳаи Сафедтеппаи ҳамин ноҳия вохӯрда, аз сабаби муноқишаи оштинопазирӣ ҷангу ҷанҷол карда, сипас марди номбурда бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шикамаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбати марди гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.