Коҳиши парвандаҳо барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, парвандаҳо барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар кишвар коҳиш ёфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи олӣ, соли 2018 барои риоя накардани қонуни мазкур 660 парвандаи маъмурӣ баррасӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 133 адад кам мебошад.

Падари арӯсро барои баргузории "чойгаштак" ба суд доданд

Манбаъ афзуд, дар пайи баррасии парвандаҳо ба 648 нафар ба маблағи умумии 3 миллиону 133 ҳазору 450 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.

Додгоҳи олӣ таъкид кард, ки бинобар сабаби набудани таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 12 нафар парвандаҳо қатъ карда шудаанд.

Қонуни танзими танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қабул гардида, ба гузориши мақомоти тоҷик тайи солҳои амали қонун миллиардҳо сомонӣ маблағи шаҳрвандон сарфа гардид.