ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Гулов ҳамсари ҳомилааш – Зарина Гуловаро бо табар се зарба зада, бо гумони он, ки ҳамсарашро куштаст, ихтиёран ба идораи милиса барои худиқрорӣ рафтааст.
Манбаъ афзуд, ки ҳодиса 31 январи соли равон дар заминаи муноқишаи оилавӣ дар хонаи истиқоматии ин хонавода дар деҳаи Баракати ҷамоати Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор рух додааст.
Ба иттилои ВУД дар пайи ин ҳодиса Зарина Гулова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ҳамсараш – Исо Гулов бар асоси моддаҳои 32 ва 104-и Кодекси ҷиноӣ аз сӯи додситонии шаҳри Ҳисор идома дорад.