Вилояти Суғд Наврӯзро дар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашн мегирад

Имсол таҷлили ботантанаи ҷашни фархунда, Наврўзи Аҷам дар вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷлил карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Иди Наврӯз моҳи марти соли равон дар қаламрави вилоят таҷлил карда мешавад.

Озмун: интихоби сенария барои ҷашнҳои “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва “Сайри лола” дар Суғд

“Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 январи соли 2019, ба тасвиб расид”, - таъкид намудааст манбаъ.

Тибқи қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои Иди Наврӯз тасдиқ гардидааст ва дар назар аст, ки тантанаҳои вилоятии иди байналмилалӣ имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардад.

Манбаъ эълон намудааст, ки дар доираи таҷлили Иди Наврӯз гузаронидани озмуни “Дастархонороӣ”, ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, мусобиқаҳои “Пойга” ва “Бузкашӣ”, конфронсҳои илмӣ, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои адабӣ, барномаҳои рангини консертӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.