Садқаи сари 5 ҳазор сомонӣ: шарҳи Фирӯза аз ҷарима ва изҳори сипос ба "душманон" - Навор

Пештар ман ҳатто қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намекардам. Аммо намедонистам, ки мувофиқи қонуни танзим зодрӯзро бояд дар ҳалқаи дӯстон таҷлил кард. Қонунро вайрон кардам ва ҷавоб додам. Ин табиист, ки кирдорҳои мо санъаткоронро ба навор мегиранд, то ба дигарон дарс шавад, мегӯяд ҳофиза
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова, ки чанд моҳи ахир баҳсбарангез аст, дар як мусоҳибаи видеоӣ бо мухлисонаш дар шабакаи иҷтимоӣ ҷаримаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро барои нақзи қонуни танзим шарҳ додааст.

Дар он, Ҳафизова мегӯяд, ки барои ҷарима аз касе наранҷидааст ва қонунро вайрон карду ҷарима шуд.

"Ҷаримаро супоридам, дар ҳоле ки қонунро вайрон кардаам, дар назди он посух ҳам додам", - мегӯяд вай.

Ӯ аз нафароне, ки пас аз ҳангомаи ӯ "хурсанд шудаанд", изҳори миннатдорӣ мекунад. "Касе, ки аз ин хурсанд шуд, ҳазор раҳмати Худо барояш", - мегӯяд овозхон.

Ҳафизова афзудааст, ки аз ин қазия рӯҳафтода нашуд ва "садқаи сари 5 ҳазор сомонӣ".

Дар ҳамин ҳол, Фирӯза хурсанд, аст, ки дар чунин ҳолатҳо ҳаводоронаш дастгириаш мекунанд.

"Маро дастгирӣ карданд, хурсандам. Фаҳмидам, ки мардум дар фикри мананд. Камтарак нохушӣ шуд, нафаҳмидем. Қонун барои ҳама як аст. Мо фикр кардем, ки зодрӯз дар тарабхона манъ аст, ки дар доираи оила будааст, хонаи санъаткор кӣ меояд,  - санъаткор меояд", - тавзеҳ медиҳад овозхон.

Ман аз давлати худам ягон қатра намеранҷам, мо санъаткорем, моро навор мекунанд, ки ба дигарон дарс шавад, афзудааст вай.

"Ҳангоми даромадан ба суд, нафаҳмидам, ки маро камера мекунанд. Вақте дидам, гуфтам, ки боз "пиар", гуфтанд, "бале, пиар",- механдад вай.

Фирӯза Ҳафиза дар охир афзудааст, ки дар посух ба дастгириҳои муҳоҷирон дар Русия консерт баргузор хоҳад кард.