Маҷнунҳои рашкин: дар Тоҷикистон ду куштор ба сабаби рашк рух дод

Кормандони милитсия Тоҷикистон марди 42 сола ва як марди 50 соларо дастгир намуданд, ки ба сабаби рашк даст ба куштор задаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.  Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ва бародараш, марди 33-сола бо гумони одамкушӣ дастгир карда намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи кишвар.

“Номбурдагон, рӯзи 4-уми феврали соли равон, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон ба марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо сабаби муносибат доштанаш бо ҳамсари яке аз онҳо дарафтодаанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Сипас, бародарон аз ҳиссиёти рашк марди 44-соларо зери луту кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Як марди тоҷик дар Русия аз рашк зану фарзанд кушт

Ҳодисаи дигар рӯзи 5-уми феврали соли равон, дар ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом рух додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тахминан соати 14:00-дақиқа, марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом, дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 3-маротиба ба қисмати дили ҳамсараш задаст. 

Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Номбурда аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия нисбати ҳолатҳои мазкур тафтишотро идома доранд.