Чил соли зиндон ба ду тоҷике, ки дар Русия ба ивази 1 миллион рубл одам куштанд

Носиров Эҷод Рустамҷонович ва Нуриддинов Алишер Аминҷонович дар Русия ба ивази 1 миллион рубл як шаҳрванди кишварро кушта, фирор карданд. Онҳо бо ҳукми додгоҳи Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуда, яке 25 сол ва дигаре 15 сол дар маҳбаси низомаш шадид хоҳанд монд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ду шаҳрванди кишвар барои куштор дар Русия ва ҷиноятҳои дигар дар Тоҷикистон ба 40 соли зиндон маҳкум шуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, Носиров Эҷод Рустамҷонович ва Нуриддинов Алишер Аминҷонович 23 марти соли 2016 бар ивази 1 миллион рубли русӣ дар шаҳри Октябрски Ҷумҳурии Бошқирдистони  Русия бо яроқи оташфишон шаҳрванди ҳамин кишвар М.И. Купсовро ба қатл расонида, бо мақсади ошкор нагардидани ҷиноят ҳамсари мақтул М.С. Величкоро низ бо таппонча парондаанд, Аммо ҳамсари Купсова дар ин ҳодиса зинда мемонад.

 Бино бар иттилои манбаъ, ҷинояткорон пас аз содир намудани ҷиноят аз Русия ба Тоҷикистон фирор намудаанд.

 "Дар Тоҷикистон Эҷод Носиров касби пеша намудааш, яъне ҷинояткориро идома    дода, 16 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба баҳси шаҳрвандон Абдуллоев А. ва Раҳимов П. ҳамроҳ шуда, барои ситондани 600 доллари ИМА  П. Раҳимовро тахдиди куштан намудааст", - тавзеҳ медиҳад додситонӣ.

 ба қавли дафтари матбуотии додситонии кулл, 21 декабри соли 2018 бо ҳукми Суди Олӣ Э.Р. Носиров бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “и,п”,32 қисми 3,104 қисми 2 бандҳои “а,л,п”, 120, 195 қисми 2 ва А.А. Нуриддинов бо моддаи 36 қисми 5-104 қисми 2 банди "и" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, Э.Р. Носиров ба муҳлати 25 сол ва А. Нуриддинов 15 сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр аз озодӣмаҳрум карда шуданд.