ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Бо мақсади таҷлили Рӯзи Модарон, ки ҳамасола дар тамоми олам санаи 8 март таҷлил карда мешавад, бо фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барномаи чорабиниҳои мукаммал ба тасвиб расидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш силсила чорабиниҳли маърифатию фарҳангӣ, адабию омӯзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ миёни ҷавондухтарон, собиқадорони соҳа, варзишгарзанон ва модарони рӯзгордида баргузор хоҳад шуд.
Дар доираи барномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар моҳи марти соли равон фестивали ҷумҳуриявии “Суруди модар – Алла” баргузор хоҳад шуд.
Инчунин қарор аст, мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занону модарон дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ”, баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”, чорабинии тантанавӣ бо иштироки занони баруманди ҷумҳурӣ таҳти унвони “Сад ҷону дил фидои як мудаои модар” баргузор гардад.
Ҳамчунин барои занон баргузории семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки ҷавондухтарони соҳибкор, аксияҳои тарғиботӣ ташвиқотӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд дар назар дошта шудааст.