Ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” аз ин пас аз фурудгоҳи нави Истанбул истифода мекунанд

Тасмими парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” аз ин пас ба фурудгоҳи нави Истанбул бо сабаби пурра гузаштани тамоми хатсайрҳо ба фурудгоҳи “Ataturk” мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев – Sputnik. Ҳавопаймоҳои  ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” минбаъд аз фурудгоҳи нави Истанбул истифода  менамоянд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

“Сомон Эйр” дар гаронии чиптаҳояш миёнаравҳоро гунаҳкор медонад

Манбаъ афзудааст, ки ин тасмим бо сабаби пурра гузаштани тамоми хатсайрҳо ба фурудгоҳи “Ataturk” гирифта шудааст. Дар ин росто, шурӯъ аз 3 март ҳавопаймоҳои  “Сомон Эйр”  парвозҳоро ба фурудгоҳи нави шаҳри Истанбул анҷом медиҳанд.

Фурудгоҳи нав аз бузургтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон эътироф шудааст. Он тақрибан 40 км дуртар аз маркази Истанбул, дар наздикии баҳри Сиёҳ доман густурдааст.

Мусаллам аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул ҳафтае се маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро мекунад. 

Оғози парвозҳои “Сомон Эйр” ба фурудгоҳи Жуковский
Вақти парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 18:00 буда, аз фурудгоҳи Истанбул соати 22:40 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Хатсайрҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900 иҷро мегарданд.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Узбакистон бо муваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.