Гуруҳи дуздонро дар шаҳри Бохтар дастгир намуданд

Зарари расонидашудаи гуруҳи дуздони дастгир шуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев - Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 ҷавони аз 18 то 20-сола, ки сокинони шаҳри Бохтар ва Душанбе будаанд, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуданд, иитилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД.

Вобастагӣ аз марказҳои букмекерӣ се ҷавонро ба роҳи дуздӣ бурдааст

Манбаъ шарҳ додааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Бохтар марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст. Даъвогар навишта будааст, ки шаби 3-юми феврали соли 2019, тахминан соати 02:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ тирезаи дари автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тойота-Прадо”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат гузошта шуда буд, шикаста амалҳои дуздӣ анҷом додаанд.

Ашхоси номаълум аз дохили худрав 1000-доллари амрикоӣ, 10000-сомонӣ, 2-адад телефони мобилии тамғаҳои “Айфон-7” ва “Самсунг-Галакси А-6”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 25000-сомониро ташкил медиҳад.

Дар робита бар ин кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуруҳи дуздонро дастгир намудаанд ва ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.