ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармонҳо Худобердӣ Холиқназарро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент озод карда, ба ҷояш Қодирзода Диловар Баҳриддинро таъин намуд.
Қодирзода Диловар Баҳриддин то ҳол ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон буд. Ҷойгузини ӯ дар мақоми ректорӣ Обидов Фозил Саидович шуд.
Эмомзода Неъматулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Эрон озод гардид.
Инчунин раисиҷумҳур фармон додааст, Зарифзода Абдукарим Абдураҳим аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Насредин Исматулло аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барканор гардида, мақоми сафири Тоҷикистон дар Покистонро гирифт.
Шоҳиён Абдусаттор аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба мақоми муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ таъин шуд. Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович мақоми сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо қарорҳои Ҳукумат - Машраб Ибодулло Раҳмон бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор шуд. Ба ҷои ӯ Назаров Обид Одилович муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон шуд.
Салим Носирҷон Юсуфзода аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озод шуда, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ректори нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуд.
Наврӯзшоев Довутшо бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор гардида, Хуҷамзода Гулнора ҷойгузини ӯ шуд.
Муҳиддинов Зайниддин Қамарович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба ҷои ӯ Сафаров Аҳрор Мирзоевич таъин шуд.
Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.
Акрами Зикриё Иномзод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳо озод гардида, ба ҷои Убайдулло Насрулло Каримзода таъин гардид.
Мирзораҳимов Акобир Каримович аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ҷойгузини ӯ Бобозода Бақохоҷа Ғиёсиддин шудааст.
Бо қарори Ҳукумат ваколати директори Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич бо сабаби вафоташ қатъ гардида, Қаландариён Ҳоким Сафар, директори ҷадиди Институт шуд.
Фарҳод Шокир мақоми директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳоро гирифт.
Инчунин бо амрҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон - Сайфуллои Сафар Саъдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент ва Муминова Фарида Маҳмудовна аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент озод гардидаанд.
Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент таъин шудааст.