Туҳфаҳои Рустами Эмомалӣ ба Хоруғ ва таърифи раиси ВМКБ аз ҳиммати ӯ

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе сипоснома ирсол кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи ин сипоснома, ки дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, нашр кардааст, Файзов бо тавсиф аз хидматҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, саҳми Рустами Эмомалиро низ дар ободии Тоҷикистон басе зиёд хондааст.

Вуруди 6 техникаи 60 ҳазор долларӣ ба Хоруғ: 15 адади дигар дар роҳ – акс

Раиси ВМКБ бо зикри ободкориҳо дар Душанбе аз кумаки Рустами Эмомалӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон гуфтааст.

“Иқдоми навбатии Шумо – дастрас намудани 2 адад техникаи роҳсозӣ барои шахри Хоруғ аз саховати олиҳимматонаи Шумо шаҳодат медиҳад ва талоши пайгиронаи Шуморо дар ҷодаи ободию созандагиҳо баҳри Ватан собит месозад”, - изҳор доштааст Файзов.

Ӯ илова намудааст, ки бо ин техника хоҷагии манзилию коммуналӣ имкон пайдо менамояд, ки роҳҳои шаҳрро зимистон аз барф тоза кунад ва тобистон кӯчаву гулгаштҳои шаҳрро шодоб ва ба симои шаҳр ҳусну таровати тозае ато намояд.

“Мо аз ин кӯмаки Шумо хеле мамнунем ва лутфан миннатдории самимии моро қабул фармоед”, - изҳор доштааст Файзов.

Таърифи Раҳмон аз ниятҳои Рустами Эмомалӣ дар ВМКБ ва тақозои таъмини нақлиёт дар Душанбе

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи васеи Ҳукумат Рустами Эмомалиро барои таваҷҷуҳаш ба рушди бахши варзиш дар ВМКБ низ тавсиф кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд кардани 8 майдончаи варзишии муосирро аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон иқдоми шоиста арзёбӣ кардааст.