Созишнома имзо шуд: кӣ, кай ва чигуна муҳоҷирони тоҷикро ба Қатар мефиристад?

Тоҷикистон ва Қатар созишнома дар бахши муҳоҷирати кориро имзо кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Созишномаи ҳукуматҳо дар мавриди танзими қувваи корӣ аз Тоҷикистон дар давлати Қатар 3 феврал аз ҷониби Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру, вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Қатар ва ҳамтои тоҷикаш Сумангул Тағойзода имзо гардид.

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қатар ба анҷом расиданд

Тибқи муқаррароти Созишнома муҳоҷирони Тоҷикистон дар Қатар, бар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, тибқи қонуни давлати мизбон фаъолият хоҳанд кард.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки созишномаи мазкур баъди расмиёти дохилидавлатии тарафҳо мавриди амал қарор мегирад.

Манбаъ таъкид кард, ки ҷалби коргарон тавассути муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони кишвари мизбон ба роҳ монда мешавад.

Сумангул Тағойзода бо мақомдорони Қатар таҳкими  ҳамкории минбаъда дар бахши шуғли аҳолӣ, таҳсилоти касбӣ ва таълими калонсолон баррасӣ кардааст.

Имзои созишнома дар ҳолест, ки ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон барои кор дар хориҷ, асосан Русия ва Қазоқистон қарор доранд.