Коршинос: Тоҷикистон ҳоло тавони фуруши барқи истеҳсолшудаи НБО Роғунро надорад

Роҳбари Бунёди рушди энергетика Русия Сергей Пикин таъкид намудааст, ки то ҳамаи чархаҳои НБО Роғун роҳандозӣ нашаванд сухан гуфтан дар бораи истеҳсоли барзиёди қувваи барқ дар Тоҷикистон пеш аз муҳлат аст
Sputnik

Чархаи аввали НБО Роғун дар якуним моҳ фаъолияташ нисбат ба тамоми неругоҳҳои барқи обии хурди кишвар, ки дар Тоҷикистон дар тӯли соли 2018 барқ истеҳсол кардаанд, се баробар зиёд барқ истеҳсол намудааст.

Агрегати аввали НБО Роғун, ки 16 ноябри соли 2018 ба кор андохта шуд, то 1 январи соли 2019 90,3 миллион кВт/с барқ истеҳсол намудааст.

Коршинос: Тоҷикистон ҳоло тавони фуруши барқи истеҳсолшудаи НБО Роғунро надорад

Роҳбари Бунёди рушди энергетика Сергей Пикин таъкид намуд, ки лоиҳаи интиқоли барқ ба Покистон тавасути CASA-1000 интиқоли барқ то 1000 мегаваттро талаб менамояд.  

"Роғун" тайи якуним моҳ 100 миллион кВт. соат нерӯи барқ тавлид кард

“Барои ҳамин 100 миллион барои Тоҷикистон зиёд аст, аммо барои интиқоли барқ барои Покистон дар доираи лоиҳа хеле кам мебошад . Ҳоло танҳо агрегати аввал ба кор андохат шудааст, агар дар оянда дигар чархаҳо низ роҳандозӣ шаванд вазъ беҳтар хоҳад шуд”, - таъкид намудааст вай.

Коршинос илова намудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳадафи Тоҷикистон дар таъмин намудани пойтахти кишвар ба барқ мебошад.

“Содироти барқ ба хориҷ аз кишвар бо роҳандозии як агрегат сурат намегирад, аммо баъд аз роҳандозии тамоми агрегатҳои НБО Роғун мушкилии норасоии барқ бартараф мегардад. Танҳо дар ҳамин ҳолат Тоҷикистон метавонад барқи изофии истеҳсолшударо ба хориҷ аз кишвар фурушад”, - гуфт коршинос.