Тафсилоти суолу ҷавоб бо вазир: аз роҳҳои пулакӣ то нақшаҳои Ҳукумат ва ниҳоди нав дар Чин

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тафсилоти суолуҷавоби рӯзноманигорон бо Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти кишварро нашр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Худоёр Худоёрзода дар мавриди роҳҳои пулакию алтернативӣ, бозсозии роҳи Дарвоз-Рӯшон, роҳандозии автобусҳо дар масири Душанбе - Хуҷанд, роҳсозии соҳибкорон ва суолҳои дигари рӯзноманигорон посух додааст. 

Вазорати нақлиёт қисмати суолу ҷавоби Худоёр Худоёрзода бо рӯзноманигоронро дар нишасти матбуотӣ нашр кардааст, ки Sputnik онро пешниҳоди хонандаҳо мекунад.  

Савол: Дар нишасти матбуотии шашмоҳаи қаблӣ вазири молияи кишвар гуфтанд, ки барои сохтмони қитъаи роҳи Сичароғ – Нуробод 60 млн. доллар ҷудо шудааст. Кори ин сохтмон дар чӣ ҳол аст ва чигуна иншоотро дар бар мегирад?

Ҷавоби вазири нақлиёт:  Хуб огоҳ ҳастед, ки бо бастани обанбори НБО-и Роғун як қисмати роҳи мошингарди Роғун –Нуробод ба тӯли 76 км зери кӯл мемонад. Вазорати нақлиёт бо супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр корҳоро ба анҷом расонд. Бонки Осиёии Рушд барои тахт кардани ҳуҷҷатҳои асосноккунии техникӣ- иқтисодӣ, ҳуҷҷатҳои экологӣ-иҷтимоӣ як млн доллар ҷудо намуда, машваратчиёни байналмилалӣ ва дохилӣ бо он сари кор ҳастанд. Бо ширкати Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Сармоягузорӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ дар китобхонаи миллӣ мизи мунаввар оид ба маблағгузории лоиҳаи мазкур баргузор гардид ва муовини аввали вазири нақлиёт лоиҳаро рунамоӣ кард. Сохтмони ин қитъаи роҳ шомили лоиҳаҳои афзалиятнок аст, зеро шиддатнокии ҳаракати нақлиёт дар ин масир хеле зиёд мебошад. Аз ҷониби бонкҳои номбурда барои анҷом додани он дар маҷмӯъ 280 млн доллар ихтисос дода шудааст. Бо ташкил ва анҷом додани озмун паймонкорон ва таҳияи ҳуҷҷатҳои маъмули расмӣ сохтмони онро оғоз хоҳанд кард.

Муовини аввали вазир Суҳроб Мирзозода низ ин масъаларо шарҳ дод, ки корҳои омодагӣ ба сохтмони роҳи ин қитъа идома доранд. Дар масири мазкур се нақб ба дарозии умумии 6 км, 13 пули мошингузар ва як пули хеле калон рӯйи дарёи Сурхоб бунёд хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ бояд то соли 2023 анҷом дода шаванд.

Савол: Дар нишастҳои пешин гуфта шуд, ки гузаргоҳи Қарамиқ ба наздикӣ мақоми байналмилалӣ мегирад. Аммо ин амал иҷро нагардид. Ронандагони мо шикоят мекунанд, ки дар рафти гузар ва ҳуҷҷатгузориҳо вақти зиёдашон талаф мешавад ва ба мушкилот дучор мегарданд.

Ҷавоб: Гузаргоҳи Қарамиқ як гузаргоҳи дутарафа мебошад ва долони байналмилалӣ аст. Масофаи роҳ ба ҳамсоякишварҳо аз сарҳади Чин хеле наздик мегардад. Масъалаи мақоми байналмилалӣ гирифтанашро борҳо дар мулоқоти комиссияҳои байниҳукуматӣ баҳсу машварат кардем. Аз ҷониби Тоҷикистон ягон мушкилоте нест. Ҳуҷҷатҳои расмӣ низ таҳия шудаанд. Бо Қирғизистон ҳеҷ нофаҳмӣ вуҷуд надорад. Танҳо ҳанӯз байни Чин ва Қирғизистон ин масъала дар сатҳи ҳуҷҷаттаҳиякунӣ қарор дорад. Чин ҳам ризоияти хешро додааст ва корҳои расмӣ боқӣ мондаанд. Ин гузаргоҳ барои ҳамлу нақли нақлиёти Афғонистон низ хеле муҳим аст. Фикр мекунам, ҳамин сол ин қазия пурра ҳал мешавад.

Суол: Сохтмони роҳи Қалъаи хумб - Ванҷ–сарҳади Рӯшон кай оғоз меёбад?

Ҷавоб: Дар сафари имсолаи хеш ба ВМКБ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардум зарурати таҷдиди ин қитъаро таъкид карда буданд. Аз ҷониби Чин аллакай маблағ ҷудо гардидаст. Аммо дар Чин вазорати нави сармоягузории беруна таъсис дода шуда, кори расмияти он ҳанӯз анҷом наёфтааст. Бояд бигӯям, ки дар баробари ин пеш аз оғози сохтмон ва таҷдиди роҳи Дарвоз-Ванҷ бояд таҷдиди роҳҳои Кӯлоб- Шамсиддин Шоҳин, қи 31 км мебошад, бо маблағи 51 млн доллар ва қитъаи Шкев- Қалъаи хумб 26 км бо маблағи 46, 4 млн доллар сохта ба итмом расонида шаванд. Ҳамчунин дар мавзеи хатарзо дар км-и 347 –ум нақби дарозияш 350 метрро бояд сохта анҷом диҳем. Дар маҷлиси васеи ҳукумат Сарвари давлат бори дигар дар мавриди оғози сохтмони мазкур пурсон шуданд ва тезонидани онро супориш доданд. Дар айни ҳол рӯзи 12 феврал дар Кумитаи сармоягузорӣ 8 ширкати роҳсоз дар озмуни ба даст овардани имконияти ширкат дар сохтмони он иштирок мекунанд. Хуллас, мушкиле дар пешорӯйи сохтмони ин роҳ нест, танҳо вақт лозим аст.

Савол: Роҳҳои деҳот бениҳоят вазъи хароб доранд. Ба хотири эълон шудани “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019 -2021” чӣ ниятҳо доред?

Ҷавоб: Солҳои  2019 бо ибтикори Ҷаноби Олӣ - Соли рушди деҳот ва сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ то соли 2021 эълон шудааст. Чунин фурсат барои мо, кормандони соҳаи нақлиёт, муносибтарин имконият аст. Зеро таваҷҷуҳи аҳли ҷамъият ба рушду ободии деҳот равона мегардад ва албатта роҳою пулҳо ва мумфарш шудани роҳҳои деҳот дар навбати аввал қарор мегиранд. Масалан, дар давоми соли 2018 барои таъмиру таҷдиди роҳҳои кишвар 60, 5 млн сомонӣ аз буҷа, 8,5 млн аз мақомоти маҳаллӣ ва 75,5 млн сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону аҳли ҷамоатчигӣ ҷудо карда шуда буд, ки бо ин маблағ 887 км-роҳро таъмир намудем. Соҳибкорони кишвар дар таъмири 605 км роҳ саҳмгузорӣ намуданд. Аз ҷумла, 155 км сатҳи роҳи деҳоту кӯчаву паскӯчаҳо мумфарш карда шуданд. Албатта, дар иҷрои ин кори хайру ободонии роҳҳо Вазорати нақлиёт бо техника, мутахассисон ва коргаронашон иштироки пурсамар дошт. Ногуфта намонад, ки дар ободонии роҳҳои маҳаллӣ аҳли ҷамоатчигӣ ва соҳибкорони минтақаи Рашт соли гузашта хеле фаъол ва саховатманд буданд. Аз 155 тонна муми барои мумфаршкунӣ, ки ба Рашт фиристода будем, 131 тоннаашро соҳибкорон бо пули худ харида буданд.

Савол: Сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар дар кадом вазъ қарор дорад?

Ҷавоб: Кор дар ин лоиҳа дуруст ба роҳ монда шудааст. Паймонкори лоиҳа ширкати чинии Синсизян Бейсин мебошад. Кор дар марҳилаи якум, ки 33,7 километрро дар бар мегирад, давом дорад. Айни ҳол корҳои заминӣ бо сабаби обу ҳавои номусоид мавқуф гузошта шудааст, аммо дигар корҳо идома доранд. Кор дар марҳилаи дуюм ҳам пас аз маблағгузорӣ оғоз хоҳад шуд.

Савол: Роҳҳои минтақаи Сангвор ҳолати бисёр бад доранд. Хусусан баъди боз шудани роҳи Кӯлоб- Қалъаихум - Хоруғ ба ин роҳҳо дигар диққат дода намешаванд. Ҳоло нигаҳдории ин роҳ бар зиммаи Вазорати нақлиёт аст. Чунки дар даҳсолаи навбатӣ низ бо маблағи мақомотҳои ҳокимияти  маҳаллӣ таъмири ин роҳҳо имконият надоранд. Дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

Ҷавоб: Дар аввал мехоҳам бигӯям, ки то ҳол дар ягон фасли сол роҳи Сангворро ба муддати дароз баста нагузоштаем. Соли гузашта сел пули км-1-ро гирифта буд. Маблағ ёфта онро таъмир кардем, зерашро тоза намудем. Масофаи роҳ аз мавзеи Лабиҷар то Сангвор 65 км ва аз Сангвор то маркази Дарвоз 67 км аст. Таъмиру таҷдиди ин роҳро дар нақша дорем. Он ба лоиҳаҳои афзалиятноки инвеститсионӣ ворид шудааст. Ҳатто ба маблғи 1 млн доллар корҳои асосноккунӣ-техникӣ - иқтисодӣ тартиб дода шудаанд ва фақат мунтазири пайдо кардани маблағгузор ҳастем. Бояд гуфт, ки дар мувозинаи Вазорати нақлиёт зиёда аз 14 ҳазор км роҳҳои мошингард ҳастанд, ки беш аз 7 ҳазор км-и он роҳҳои маҳаллӣ мебошанд. Акнун барои таъмиру таҷдиду мумфарш кардани 1м сатҳи мураббаи роҳи мошингард 26 доллар харҷ мешавад, яъне як км роҳ бошад, 198 ҳазор доллар мехоҳад. Акнун тасаввур кунед, ки бо 60 млн сомонӣ пули солона, ки барои роҳнигаҳдорӣ барои вазорат ҷудо мешавад, чӣ қадар роҳҳоро обод кардан имкон дорад? Бо вуҷуди ин бо кумаки аҳли ҷамоатчигӣ, соҳибкорон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ тавонистем масъалаи роҳбандиро аз байн бардорем. Аз ин рӯй, бо шумо розӣ ҳастем, ки вазъ ва сифати роҳҳои маҳаллӣ вазнин аст. Аммо ронандагон низ бояд ин вазъиятро ба назар гирифта, дар роҳҳо эҳтиёт бошанд. Бубинед, дирӯз дар Дарвоз мошини «Опел» даҳ нафар мусофир мегирад. Ҳангоми сафар шини чархи пешаш мекафад ва ба дарё сарозер меравад. Нуҳ нафар мусофир ҷонашонро аз даст медиҳанд. Охир, мошини “Опел” барои 10 мусофир таъйин нашудааст-ку?

Савол: Дар минтақаи Осиёи Марказӣ  тарҳҳои бузурги нақлиётӣ мавҷуданд. Оё Тоҷикистон низ шомили ин тарҳҳо ҳаст ё не?

Ҷавоб: Тамоми лоиҳаҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, шомили барнома ва тарҳҳои минтақавии байналмилалӣ ҳастанд. Тоҷикистон шомили лоиҳаҳои байналмилалии ҲИМОМ, ТРАССЕКА, Роҳҳои байналмилалии Осиё ва ғайраҳо мебошад.  Масалан, аз шаш долони  нақлиётии ҲИМОМ сетоаш аз масири кишвари мо мегузаранд.  Амалӣ шудани ин лоиҳаҳо ба кишвари мо хусусияти транзитӣ медиҳанд. Бағайр аз ин мо аз хатсайрҳои алтернативӣ низ истифода мекунем. Акнун боркашҳои мо аз ҳудуди Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон ба Эрону Туркия бор мебаранд ва меоранд.

Савол: Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон - Эрон дар кадом сатҳ карор дорад?

Ҷавоб: Ин лоиҳа низ аз мадди назар дур нест. Ба наздикӣ ҷаласаи ЭКО баргузор шуд, ки масъалаи сохтмони роҳи панҷгона низ дар он пешниҳод карда шуд. Корҳои имконсанҷиро бояд ҳар кадом кишвар дар ҳудуди худ гузаронад. Дар Тоҷикистон  ширкати “Метро”-и Эрон 1 млн доллар ҷудо карда буд, корҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии хатти роҳи оҳан аз сарҳади ҷанубӣ то Роғун санҷида шуд. Гуфтушунидҳо оид ба ин масъала идома доранд ва итминон дорем, ки ҳалли худро меёбад.

Савол: Роҳҳои автомобилгарди масири Айнӣ - Масчоҳ солҳо боз рӯйи таъмирро надидаанд. Ҳатто ронандаҳо таҳаммули мушкилоти ин масирро накарда, аз нисфи роҳ мусофиронашонро пойин карда пас мегарданд. Умед ба таъмирашон ҳаст ё на?

Ҷавоб: Ин далел дуруст нест, ки ин масир таъмирро надидааст. Мо дар минтақаҳои Масчоҳи куҳӣ ва ноҳияи Айнӣ МДНРА дорем, ки ҳар сол барои ҳар дуяшон дар якҷоягӣ на кам зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Аз ҳисоби сохтмони асосии роҳҳо низ барои таъмири ин масир пул ҷудо мегардад. Ширкати ҷопонии JICA ҳам дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт дар ин ҳудуд корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мебарад. Ин роҳ шомили лоиҳаҳои афзалиятнок мебошад. Дар навбати аввал барои таъмиру таҷдиди он маблағ ёфтан лозим аст.

Савол: Роҳи оҳани Душанбе-Ёвон оё сарфиёти худро бароварда кард?

Ҷавоб: Дар набудани ин роҳ солҳои шӯравӣ қатораҳои мо маҷбур буданд, ки аз ҷануб ба қаламрави Ӯзбекистон рафта, баъд ба Душанбе ворид шаванд. Ҳоло мо мустақим ба ҷануб меравему меоем ва дар ояндаи наздик ин роҳ қатораҳои моро ба Афғонистон низ хоҳад баровард. Соли гузашта тариқи ҳамин роҳ 197 ҳазор тонна семент аз Ёвон ба Ӯзбекистон интиқол дода шуда буд. Беш аз 47 ҳазор мусофир аз хизмати он истифода карданд. Маводи хӯрока, маҳсулоти кишоварзон, ҳамлу нақл мегардад, дастаҳои сайёҳии мактабхонҳо аз ин роҳ истифода мекунанд. Дар наздиктарин фурсат ин роҳ хароҷоти худро мебарорад ва ба буҷаи давлат маблағи калон ворид хоҳад кард.

Суол: Дар мавриди боз кардани ҳаракати автобусҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд чӣ мегӯед?

Ҷавоб: Истифодаи автобусҳо дар хатсайрҳои мусофирбарии масирҳои маҳаллию дохилӣ ва хориҷӣ хеле тавсеъ ёфтааст. Ҳоло мо автобусҳои махсуси барои роҳҳои кӯҳистон муносиб ҳам дорем. Аммо пеш аз додани иҷозат бояд масири ҳаракати онҳоро идораҳои салоҳиятдор санҷидаву ташхис карда, назари ризоияти худро диҳанд. Зеро муҳимтар аз ҳама чиз амният ва бехатарии ҳаёти инсон мебошад.

Савол: Боришоти имсола нишон дод, ки омодагӣ дар роҳҳои ВМКБ комил набудааст, роҳҳо баста шуданд, ҷони одамон талаф ёфтанд. Техника нарасид ё чӣ?

Ҷавоб:  Ин дуруст нест, ки омодагӣ пурра набуд. Сабаби чунин роҳбандӣ ва талафи ҷони одамон бештар омили инсонӣ дошт на техникӣ. Имсол дар вилоят аз ғарб то шарқ дар давоми як ҳафта аз 0,50 то 1,50 метр барф борид. Бо роҳбарии муовини вазир аз Восею Кӯлоб техника оварда, роҳро то Дарвоз тоза карданд.  Роҳсозию роҳнигаҳдорӣ нозукиҳои худро дорад. Роҳ дар Бартанг ҳамагӣ чор рӯз ва Ишкошим 8 рӯз банд буд. Мо нагузоштем, ки техника ба мавзеъҳои хатарнок барояд. Ҳатто дар замони шӯравӣ баъди нисфирӯзӣ техникаро ба мавзеи тармарез намефиристонданд. Мо имсол чор корманди худро аз даст додем, ки маҳз зери тарма монда ҳалок шуда буданд. Пас, банд мондани роҳ дар бисёр маврид бо айби роҳсозон нест. Масалан, роҳи Бартанг дар замони шӯравӣ шаш моҳ маҳкам буд, имсол ҳамагӣ 4 рӯз. Он ду нафар корманди роҳсоз дар Бартанг низ, ки акнун шодравон ҳастанд, маҳз барои овардани сӯзишворӣ рафта зери тарма монданд. Мо маънаван ва расман ҳуқуқ надорем, ки дар ҳангоми резиши барф корманди худро маҷбур кунем, ки зери хатари тарма дарояд ва ба коми наҳанг равад. Мо борҳо эълон карда будем, ки дар рӯзҳои сербориш одамон ва васоити нақлиёт ба сафар набароянд.

Ногуфта намонад, ки солҳои ҳаштодум, ки роҳи Рӯшон-Хоруғ аз як моҳ бештар банд мешуд. Имсол мо қарор баровардем, ки дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Кӯлоб- Хоруғ барои ҳаракати мошинҳои калони ядакдор ҷадвали муайяни ҳаракат тартиб дода шавад. Зеро дар чунин шароит ду мошини калон дар як вақт аз паҳлӯйи якдигар гузашта наметавонанд. Дар масъалаи нарасидани техника бояд бигӯям, ки имрӯз дар Бадахшон 109 техника мавҷуд аст, ки аз ин 66% фаъол мебошанд. Ҳоло бо кумаки Бонки Осиёии Рушд 29 техникаи роҳсозии муосир ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, ки онҳоро ба муассисаҳои роҳдории ВМКБ ва Рашт медиҳем.

Савол: Оё баъди анҷом роҳи Душанбе-Бохтар пулакӣ мешавад? Он роҳи алтернативӣ дорад?

Ҷавоб:  Ин масъала дар сатҳи омӯзиш қарор дорад ва ҳоло мушаххасан гуфта наметавонем, ки кадом роҳ пулакӣ мешавад. Агар аз таҷриба гирем, пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Чаноқ барои иқтисодиёт аз манфиат холӣ нест. Зеро он маблағе, ки барои нигоҳдории роҳҳо ҷудо мегардад, нокифоя аст. Илова бар ин барои нигоҳдории 345 километр роҳ аз буҷети давлат маблағ ҷудо намешавад.  Ҳоло ширкати IRS намемонад, ки роҳ дар ин масир ба муддати тӯлонӣ банд бошад ва ин ба манфиати кор аст. Оид ба ин масъала бояд ба Ҳукумати кишвар пешниҳод ирсол намоем.

Дар масъалаи роҳи алтернативӣ гуфтанием, ки ба самти Бохтар аз Душанбе роҳҳои алтернатив ҳастанд, вале дар шароити куҳсор барои сохтмони роҳи алтернативии ҳамшафати роҳи пулакиро надорем.

Савол: Сохтмони роҳи сесатҳа дар шаҳракаи Шифобахш кай анҷом меёбад?

Ҷавоб: Роҳи сесатҳа дар шаҳраки Шифобахш бояд соли 2020 ба анҷом расонда шавад, вале аз сабаи он ки сарборӣ дар роҳҳои шаҳр хеле зиёд аст, аз ҷониби Роҳбарияти давлат супориш гирифтем, ки бояд то охири соли 2019 сохтмонро анҷом диҳем. Айни ҳол дар ин сохтмон кор  дар се баст ташкил шудааст ва босуръат пеш меравад.