Ҷаримаи собиқ сарбоз барои суҳбат бо ҷангҷӯи “Толибон” дар “Одноклассники”

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Қудратулло Завқов, сокини 23-солаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро барои мукотибот бо ҷангҷӯи “Толибон” дар “Одноклассники” ва хабар надодан ба мақомот 25 ҳазор сомонӣ ҷарима баст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, зимни мурофиа маълум гардид, ки Завқов, собиқ хизматчии ҳарбии Баталиони кишоварзии Ожонси таъминоти амволи махсуси Тоҷикистон,  аз моҳи апрели соли 2016 бо шаҳрванд Сайдалов Абдуҷаббор тариқи “Одноклассники” мунтазам суҳбат мекардааст.

Вазири ҷабрдида аз дағалии ронандаи мусофирбар: чӣ карду ба дигарон чӣ маслиҳат медиҳад?

Манбаъ афзуд, зимни Завқов зимни суҳбатҳо тайи солҳои 2016 - 2017 маълумот гирифтааст, ки Абдуҷаббор Сайдалов дар шаҳри Бумаҳени Эрон таълимоти террористӣ гирифта,  ба ҳайати гурӯҳи террористии “Толибон” воқеъ дар улусволии Дашти Арчӣ шомил шудааст. Бар асоси иттилоияи додгоҳ, Завқов ҳамчунин огоҳ шудааст, ки Сайдалов дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангии Афғонистон иштирок кардааст, аммо муддати зиёда аз 1 солу 4 моҳ бо ӯ суҳбат карда, аз аъмолаш ба мақомот хабар надодааст.

Манбаъ афзуд, ки собиқ сарбоз дар мурофиа гуноҳашро эътироф карда, аз додрас хоҳиш кардааст, ки нисбаташ ҷазои бидуни ҳабс таъин гардад.

Ин ҳолат баъди он ошкор гардидааст, ки Сайдалов моҳи апрели соли 2018 ҳангоми убури  ғайриқонунии сарҳади Афғонистон ва Тоҷикистон дастгир шудааст.

Додгоҳи Душанбе Сайдаловро барои зархаридӣ, иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ва қасди ҷиноят  ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.