ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳазорҳо мусалмонон зери аризаи шикоятӣ дар интернет имзо гузошта, талаб кардаанд, ки пойафзоли Nike Air Max 270 аз фурӯш бароварда шавад.
Зери шикоятнома 19 ҳазор корбари интернет имзо гузоштаанд. Ба ақидаи муаллифи арзнома, нафароне, ки ин пойафзолро мепӯшнд, мӯъминонро таҳқир мекунанд.
"Логотипе, ки зери ин модели пойафзолҳо навишта шудааст, чангу хок ва ифлосиҳоро зер мекунад. Ин нафратовар ва даҳшатнок аст, вақте номи Худовандро зери кафш менависанд. Ин барои мусалмонон таҳқир аст. Ислом ғамхорӣ, накӯкорӣ ва адолатро меомӯзонад", - изҳор доштааст муаллифи арзнома.
Намояндагони ширкати Nike пас аз мунташир шудани шикоятномаи мазкур изҳороти расмӣ кардаанд, ки ширкат "тамоми динҳоро эҳтиром мекунад ва ҳама гуна вокунишро нисбати коргоҳ бо тамоми ҷиддият қабул мекунад".
Nike афзудааст, қазияро ба зуди ҳал мекунад.