Вазири маориф: соҳибкорон мактабҳоро ихтиёрӣ месозанд

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, то соли 2021 - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар беш аз 1500 мактабу муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бунёд мегарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳамаи ин ба нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлолият ворид гардида, сохтмонҳо аз ҷониби бахши хусусӣ ва давлатӣ идома доранд.

Соҳиби "Корвон" ваъдааш ба Президентро иҷро кард: 26 миллионро ба мактаб дод

Вазири маориф таъкид кард, ки соҳибкорону афроди саховатпеша муассисаҳои таълимиро бо хоҳиши худ ва мустақилона месозанд.

“Муассисаҳо бо хоҳишу фаъолияти бевосита ва мустақилонаи соҳибкорони ватанию шахсони саховатманд бунёд мегарданд”, - изҳор дошт Нуриддин Саид.

Ба гуфтаи вазир феълан теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 630 ва маркази инкишофи кӯдакон 1670 ададро ташкил дода, 14 фоизи кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

“Мо ният дорем, то соли 2021 ин нишондодро ба 30 фисад расонем, феълан дар ин ҷода корҳо рафта истодааст”, - иттилоъ дод вазири маориф.

Сипоси Раҳмон ба Ғуломов барои харҷи 21 миллион дар мактаб ва норозигӣ аз сатҳи забондонӣ

Таъкиди вазир ба бунёди муассисаҳои таълимии нав дар ҳолест, ки намояндагони бахши хусусӣ ахиран дар бунёди мактабҳо бо харҷи даҳҳо миллион сомонии худ фаъол шудаанд.

Аз ҷумла ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран зимни сафараш ба ноҳияи Рӯдакӣ ду мактаби навро ифтитоҳ кард, ки яке аз ҷониби соҳибкор Нуршед Машрабов,  молики бозори “Корвон” бо харҷи 26 миллион ва дигаре аз ҷониби соҳибкор Ғуломов Абдухалил бо харҷи 21 миллион сомонӣ бунёд гардиданд.