ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Аскар Толибов, марди 32-солаи сокини ноҳияи Ёвонро додгоҳияи ноҳия барои идораи худрав дар ҳолати мастӣ ва бидуни аснод 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ба мӯҳлати 10 сол аз ҳуқуқи идораи нақлиёт маҳрум кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" дар истинод ба додгоҳи ноҳия иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ронанда пештар низ қоидаи идораи воситаи нақлиётро вайрон карда, ба 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шуда будааст, аммо кирдори ғайриқонуниашро дубора такрор намудаст.
Дар соли 2018 танҳо дар ноҳияи Ёвон барои дар ҳолати мастӣ ба бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт 36 ронанда муҷозот шудаанд. Дар ҳамин ҳол, бештари ронандагон дар бораи сангинтар шудани ҷазо барои идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ хабар надоштаанд.
Қонунгузории Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ мекунад.