Боздошти сокини Мурғоб бо 140 санги қиматбаҳо дар Хоруғ

Маъмурини милиса дар шаҳри Хоруғ як сокини 40-солаи ноҳияи Мурғобро ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо сангҳои қиматбаҳо боздошт кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз марди дастгиршуда 140 адад санги сурхчатоби монанд ба “Ёқут” гирифта шуд.

Манбаъ бо такя ба маълумотномаи нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Тоҷикистон афзудааст, ки аз сангҳои мусодирашуда 8 дона санги қимматбаҳои “Ёқут” вазнашон 90-грамм, 75 дона сангҳои “Турмалин” бо вазни 115-грамм ва 57-дона “Турмалини сафедчатоб” вазнашон 75-грамм мебошанд.

ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.