Ожонс: порагирии Раҳимов барои шаҳодатномаи ҳарбии бародарони маъюбу муҳоҷир

Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Маҳмадраҳим Раҳимов, корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод бо иттиҳоми қаллобӣ хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, 18 январи соли ҷорӣ ба ин ниҳод шаҳрванд “А” муроҷиат карда, арз доштааст, ки Раҳимов, корманди зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ноҳияи Тоҷикобод, аз ӯ маблағ талаб карда истодааст.

Бештар аз 1500 доллар: арзиши либоси генералҳои тоҷик маълум шуд

Манбаъ афзуд, корманди комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрванд барои додани шаҳодатномаи ҳарбии ғайриқобили хизмати ҳарбӣ ба номи бародарон - “Б” ва “В”, ки яке маъюбу дигаре дар муҳоҷират мебошад, 9 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Тибқи иттилои Ожонс, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ, Раҳимов баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 9000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, далелҳои шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.

Ин ниҳод таъкид кард, ки алайҳи Раҳимов бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.