Вокуниши Рустами Эмомалӣ: чаро гӯшт дар нархномаҳо 40 сомонию вақти фурӯш 42-45?

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои бартараф кардани фиребкории бархе аз савдогарон дар бозорҳои пойтахт гуруҳи махсуси корӣ таҳти роҳбарии муовинаш Бахтиёр Назирмадзодаро ташкил кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси Душанбе имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, тасдиқ кард, ки воқеан бархе аз савдогарон арзиши молашонро дар нархномаҳо поинтар менависанду дар асл қиматтар мефурӯшанд.

Ваъдаи кору маоши хуб дар Олмон: парвандаи мақомдори Душанбе барои фиребкорӣ

Хабарнигорон аз ҷумла масъалаи гӯштфурӯшҳоро ба миён гузоштанд, ки дар бозори навбунёди “Меҳргон” низ як килои он дар нархномаҳо 40 сомонӣ навишта шудааст, аммо дар асл 42 то 45 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар посух Маҳмадсаид Зувайдзода изҳор дошт, ки чунин маълумот ба шаҳрдорӣ ворид гардид ва ин ҳолатҳо воқеан ҳам ҷой доштаанд.

Ӯ гуфт, дар пайи дастрас шудани ин иттилоъ, бо дастури шаҳрдор Рустами Эмомалӣ гуруҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Бахтиёр Назирмадзода ташкил гардид.

“Бархе аз дастандаркорон ҷарима шуданд, қисме аз дӯконҳо баста шудаанду ба баъзе огоҳӣ дода шуд. Ба ин масъала фавран вокуниш кардему бартараф намудем. Феълан чунин ҳолатҳо қариб ҷой надоранд”, - гуфт Зувайдзода.

Ноиби аввали Рустами Эмомалӣ аз шаҳрвандон даъват кард, ки дар сурати дучор шудан ба чунин ҳолатҳо ба шаҳрдорӣ муроҷиат кунанд ва масъулин ҳатман фавран бартараф хоҳанд кард.