ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тибқи иттилоияи нашркардаи Ожонс, Назриев ба ивази маблағҳои зиёд ба шаҳрвандон ҷои кору маоши хуб дар Олмону Норвегия ваъда медодааст.
Манбаъ афзуд, ин аъмол баъди он ошкор гардиданд, ки шаҳрванд “А” аз фиребкории Назриев ба Ожонси мубориза бо фасод шикоят кардааст.
Ба иттилои Ожонс, муайян карда шуд, ки Назриев Нуралӣ тахминан моҳҳои август-октябри соли 2017, дар шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ аз шаҳрванд “А” 29 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Айбдоршаванда ба ивази ин маблағ ваъда додааст, ки “А” ва 6 нафар аз дӯстонашро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҷумҳуриҳои Норвегия ва Олмон бо таъмини ҷойи кор ва маоши баланд равон мекунад.
Манбаъ илова намуд, ки Назриев ба манфиати муроҷиаткунанда ҳеч коре анҷом надода, ба ӯ зарари калони моддӣ расондааст.
Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Назриев барои қаллобӣ анҷом ёфта, он барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.