Талоши шаҳрдорӣ барои фаъол кардани 98 корхонае, ки аз кор мондаанд

Ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе барои фаъол кардани корхонаҳое, ки аз кор мондаанд, гуруҳи кории байниидоравӣ ташкил кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе гуфт, феълан дар пойтах 98 корхона қисман ё пурра аз фаъолият мондаанд.

Шарҳи шаҳрдорӣ: чаро мансабдорони Душанбе барои журналистон дастнорасанд?

Ӯ гуфт, барои эҳёи фаъолияти корхонаҳо то моҳи май муҳлат дода шудааст ва аллакай масъулин бо соҳибмулкон суҳбатҳо анҷом доданд. Зувайдзода афзуд, ба соҳибмулконе, ки кумаки молӣ зарур буд, аз Фонди соҳибкорӣ маблағ ҷудо гардид. Ба гуфтаи вай барои воридоти таҷҳизоти нав ба корхонаҳо имтиёзҳои гумрукӣ ироа шудаанд.

Ноиби аввали раиси Душанбе изҳори ният кард, ки тариқи таҳияи муштараки лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва ироаи имтиёзҳо корхонаҳо дар муҳлати таъиншуда фаъол мегарданд.

Зувайдзода таъкид кард, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр ба 13,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2017 7,3 фоиз зиёд мебошад.

“Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 118 фоиз, гардиши савдо 120 фоиз, мусофиркашонӣ 105 фоиз, боркашонӣ 107 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 104 фоиз таъмин карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Манбаъ афзуд, аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоизро ташкил намуд.