ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Имрӯз дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе, ки бидуни раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ баргузор шуд, аз Маҳмадсаид Зувайдзода дар бораи далели дастнорас будани мақомдорони пойтахт барои суҳбат бо рӯзноманигорон пурсида шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, дар масъалаҳои рӯзмаррае чун партовҳо масъулини шаҳри Душанбе барои посух ба рӯзноманигорон мактуби расмиро талаб мекунанд.
Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси Душанбе дар вокуниш ба ин масъала гуфт, мақомдорони пойтахт мутахассисони хубанд, аммо аксаран ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон даступо мехӯранд.
“Сардорони раёсат бисёр мутахассисони хуб ҳастанд, мо ҳам кӯшиш мекунем, ки кормандони мо барои омма кушода бошанд. Мумкин ғайрат намекунанд, ё камтар тарс доранд. Масъалагузории рӯзноманигорон дуруст аст, ягон сирри махфӣ нест. Бисёри мансабдорон дар Душанбе рӯзноманигорон ё дастгоҳи наворбардориро бинанд худашонро гум мекунанд, шояд барои ҳамин”, - шарҳ дод Зувайдзода.
Ноиби аввали раиси Душанбе, Абдумаҷид Ҳакимзода, сухангӯи шаҳрдориро муваззаф кард, ки барои равобити бештари мақомдорони пойтахт бо расонаҳо мусоидату кумак кунад.
Дар мавриди қабули шаҳрвандон Зувайдзода гуфт, бо қарори Рустами Эмомалӣ ҷадвали қабули шаҳрвандон таҳия гардида, соли гузашта шаҳрдорӣ 8400 муроҷиатро қабул кардааст. Ӯ афзуд, аз ҷумла тариқи почтаи электронӣ, 3940 муроҷиат ва аксу наворҳо ворид гардиданд, ки барои барои ислоҳ ба масъулин равон карда шуд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдорӣ ба ӯ насиҳат карда буд, ки мустақиман бо мардум мулоқоти бештар кунад. Раисиҷумҳур дар хитоб ба Рустами Эмомалӣ гуфт, маҷлисҳои пайваста дар толорҳо шарт нестанд ва бояд ба пеши мардум дар кӯчаю маҳалҳо рафту суҳбатҳо анҷом дод.