Файзов ба мансабдорон: ҳақиқатро ба мардум гӯед, бардурӯғ умедвору саргардон накунед

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, агар мансабдорон имкони ҳалли мушкили мардумро надошта бошанд, набояд фиреб диҳанду идора ба идора саргардон кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Файзов зимни машварати назоратӣ дар ҳукумати ВМКБ, масъалаи қабули шаҳрвандонро баррасӣ карда, таъкид намудааст, ки мақомоти навоҳӣ бояд бидуни дахолати ҳукумати вилоятӣ барои ҳалли мушкили мардум чораҷӯӣ кунанд.

Ҳушдори Зувайдзода: 1 моҳ муҳлат, вагарна нозирони БДА-ро аз Душанбе мебардорем

Ӯ роҳбаронро муваззаф кардааст, ки зимни қабул бояд ба шаҳрвандон ҷавоби дақиқу асоснок диҳанд.

“Мутаассифона мақомотҳои маҳаллӣ имкони иҷрои дархостҳои зиёди мардумро надоранд. Бинобар ин мо бояд ҳақиқатро рӯирост ба мардум бигӯем ва халқро бардурӯғ умедвор ва идора ба идора саргардон накунем”, - изҳор доштааст раиси ВМКБ.

Ӯ изҳор доштааст, ки “агар мо талаби шаҳрвандонро қонеъ карда натавонем ҳам муомилаи нек бо шаҳрвандон бояд кард”.

“Дар вақташ додани ҷавоби мусбӣ ё манфии асоснок вазифаи асосии роҳбарон буда, ҳамагон бояд онро риоя намоянд", - таъкид намудааст Файзов.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ худи раиси вилоят ҳар ҳафта то 100 корафтодаро қабул мекунад. Ба иттилои манбаъ, аксари муроҷиатҳо ба масъалаҳои камбуди манзили зист, таъмин бо ҷойи кор ва кумаки молиявӣ рабт доранд.