ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Аз моҳи сентябри соли 2018 сокинони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мақомот ҳудудан 400 силоҳ супурданд, хабар додааст Додситонии кулли Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ.
Тартиботро дар Бадахшон Ситоди байниидоравии таъмини амнияти Додситонии кулли Тоҷикистон назорат мебарад.
Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, дар рафти кори ситод қонуншиканӣ дар ВМКБ то 30 дар сад коҳиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, додситони кулл таъкид кард, ки дар Бадахшон низ чун дар дигар минтақаҳо, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша фаъолият мебаранд.
Ёдрас мешавем, мавзӯи вазъи Бадахшон пас аз сафари раисҷумҳур дар моҳи сентябри соли 2018 ба вилоят ва интиқодаш аз қонуншиканӣ дар бархе аз навоҳии он сархатти хабарҳову баҳсҳо гашт.
"Ҳазор нафар дар шаҳри Хоруғ соҳиби нақлиёт бошад, 27 ҳазори дигар бенақлиёт аст. Чӣ, онҳоро пахш карда мегузаранд? Ҳуқуқи онҳо, озодии онҳо, амнияти онҳо чӣ мешавад?", — суол гузошта буд Эмомалӣ Раҳмон
Ӯ афзуд, давлат дар асоси Конститутсия вазифадор аст, ки амнияти шаҳрвандонро, тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони БДА хост, вазифаҳои хидматияшонро иҷро кунанду тартибот дар роҳро таъмин намоянд.