ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшуда, сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ҳанӯз як моҳ қабл бародарашро маҷруҳ кардааст.
Манбаъ афзуд, муттаҳам 24-уми декабри соли 2018, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо бародари 35-солааш муноқиша карда, бо олоти оҳанин якчанд бор ба сараш задааст.
“Дар натиҷа, бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.