Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Ҷузъиёти тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати марказӣ, шаҳри Душанбе ва навоҳӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Бобозодаро аз мақоми вазири саноат ва технологияҳои нав барканор карда, директори Агентии содироти назди Ҳукумат таъин намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Заробиддин Файзуллозодаро аз мақоми сардори Саридораи геология озод шуда, вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардид. Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Оймуҳаммадзода то ҳол директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе низ тағйироти кадрӣ амалӣ карда, Ҳакимзода Низомро аз мақоми раиси ноҳияи Шоҳмансур барканор  ва ба ҷои ӯ Билол Иброҳимро таъин намуд. Билол Иброҳим то ҳол  раиси шаҳри Роғун буд. Далели барканории Ҳакимзода гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.

Бо фармони дигари раисиҷумҳур Сулаймонзода Музаффар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун таъин гардид.

Бо фаромин ва қарорҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, Муродзода Муқим Қаюм,  раиси ноҳияи Айнӣ ва Султон Бахтиёр, муовини раиси Кумитаи андоз таъин шуд.

Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, аз вазифаи сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президент озод  ва ба мақоми муовини вазири молияи Тоҷикистон таъин гардид.

Ҷӯразода Рустами Боймурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд озод карда шуда, ба ҷои ӯ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич таъин шуд.

Президент муовини сарвазирро аз вазифааш барканор кард

Худобахш Шарифа Орусбек, аз мақоми муовини раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барканор шуда, мақоми муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистонро гирифт.  

Инчунин бо қарорҳои Ҳукумат Саъдулло Гардуллозода ва Акрам Рӯзизода аз мақоми муовинони вазири саноат ва технологияҳои нав барканор гардиданд. Рустами Содиқҷон Абдукаримзода ва Солеҳзода Умед Абдулло муовинони нави вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъин карда шудаанд.

Бахтдавлатов Раҳмонбек Давлатбекович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид, аммо ҷои кори наваш то ҳол маълум нест.

Бо қарорҳои Ҳукумат, Абдуллоева Марҳабо Музаффаровна ва Ализода Алимаҳмудӣ Ғаффор, муовинони сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумат барканор шудаанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи тағйироти кадрии мазкур гуфтааст, он ба бархе камбудию норасоиҳо рабт дорад, ки дар ҷаласаи Ҳукумат баён шуданд.