Аз ҷаримагурезии Афзалашоҳи Шодӣ то қонуншикании Фаридаю Зӯҳро: ронандаҳои қарздор аз БДА

Бозрасии давлатии автомоблии Вазорати умури дохилаи Торҷикистон рӯйхати ронандаҳои ҷаримагурезро мунташир кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik.  Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.

Бино ба иттилои равобити умумии ин ниҳод,  рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Дар ин рӯйхат исми шаш зани ронанда низ дида мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, аз пардохти ҷарима сарпечӣ кардаанд.

Чунончи, Зарагул Ҷомаҳмадзода, роанадаи "Мереседес" 5 маротиба, Зӯҳро Сафарова, ронандаи "Опел" 14 маротиба, Ҳавасмо Илёсова ронандаи "Нисан" 13 маротиба, Саида Ҳусейнова 10 маротиба ва Фарида Шерова, ронандаи "Тойота Камри" 34 маротиба қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд. 

Бино бар иттилои ВУД, исми мардони ҷаримагурез - Афзалшоҳи Шодии Холзода, Зайниддин Шамсов, Машҳур Шарифов, Соҳибназар Маҳмудов, Улуғбек Мухтаров ва дигарон мебошанд.

Ҳамчунин ронанадаҳои ширкаҳои "Талко - Персия", "Осиё гурӯҳ" ва "Сайёҳон" низ ҷаримагурезӣ кардаанд.

БДА аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки маблағи ҷаримаро пардохт кунанд.