ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии ин ниҳод, рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.
Дар феҳрист исми ронандаҳои 105 автомобили шахсӣ ва ширкатҳои хизматрасонӣ омадааст.
Бино бар иттилои ВУД, аз ҳама бештар дар роҳҳои Душанбе ронанадаи "Тойота -Камри" -и Ашӯралӣ Холиқов қонуншиканӣ карда, 230 маротиба ӯро ҷарима кардаанд, аммо Холиқов то ҳол маблағи ҷаримаро насупоридааст. Маҳмадшо Носиров, ронадаи "Лексус" низ дар ин рӯйхаст "пешсаф" аст. Ӯ дар маҷмӯъ 168 маротиба қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ҷаримагурезӣ кардааст. "Ҷои севвумро" Самир Азизулло гирифтааст, ки бо "Опел Астра"-аш 101 маротиба қонуншиканӣ кардааст.
Дар феҳрист исми Фаттҳулло Убайдуллоев (ронандаи "Опел" - 10 ҷарима), Мақсуд Раҳмонов ("Мерседес -бенс" - 48) маротиба, Маҳмадалӣ Мӯсоев -46 ҷарима, Баротмад Дустматов - 37 ҷарима ёдрас мешавад.
Аз ронандагони ширкатҳое чун ҶДММ "Муҳаммадҷон", "Талко персия", "Бунёди маблағгузории Тоҷикистон", "Автобуси-3", ҶДММ "ЭКСПРЕСС", ҶСК "НАҚЛИЁТ", "СОМОН ТРАНС", ҶСК "Шабакаҳои барқии Душанбе" низ хоҳиш карда мешавад, ки ҷаримаҳои напардохтаашонро супоранд.