Хол Ҳайдар, муовини нави раиси Суғд ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ вилоят чӣ гуфт?

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бо роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр мулоқот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар таъкид намуд, ки ҳадафи мақомоти Суғд суръатбахшӣ ба рушди соҳаи саноат, афзун намудани истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Вай инчунин дар ҷараёни мулоқот аз ҳар як роҳбари корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд доир ба уҳдадориҳои истеҳсолӣ дар соли 2019 пурсиш кард.

Хол Ҳайдар аз роҳбарони корхонаҳои саноатиро вазифадор намуд, ки барои афзун намудани номгӯйи маҳсулот, бакорандозии иқтидорҳои бозмонда, самаранок истифода бурдани майдони ба истеҳсолот вобастагардида, баланд бурдани музди маош, таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои андешанд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар бояд аз тамоми имконоту захираҳо истифода карда, дар ободӣ ва шукуфоии кишвар саҳмгузорӣ кунанд.