Баъди интиқоди Рустам Эмомалӣ: боз як кордкашии наврасони Душанбе як захмӣ ба ҷой гузошт

Падари наврас, марди 39-сола ба милиса муроҷиат кардааст, ки писари 15-солаашро дар маҳаллаи Қазоқони Душанбе бо корд захмӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Боз як ҳодисаи кордкашӣ байни наврасон дар Душанбе як захмӣ ба ҷой гузошт. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки писарашро бо корд захмӣ кардаанд.

Ба гуфтаи вай, 22-юми январи соли 2019, тахминан соати 14:30-дақиқа, писари ноболиғи 15-солаашро дар маҳаллаи Қазоқони пойтахт, ноболиғи 15-солаи сокини кӯчаи Қазоқон аз ҳиссиёти авбошӣ зери лату кӯб қарор дода, бо корд як маротиба ба пушташ задааст.

Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад, менависад манбаъ.

Ёдрас мешавем, пештар низ дар бораи ҳодисаҳои кордкашӣ байни наврасон ва мактаббачагони шаҳри Душанбе хабар дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе аз даст задани мактабхонони Душанбе ба ҷиноят изҳори нигаронӣ карда буд.

Ба гуфтаи вай, дар Душанбе бояд пеш аз ҳама ҷинояткориро миёни хонандагон пешгирӣ кард ва донишу малакаи омӯзгоронро тақвият бахшид.