"Ҳар рӯз маст меомад, гирифтаму куштамаш": тафсилоти куштори шавҳар ба дасти ҳамсар- Навор

"Дар манзили шаҳрвандон Раҳим ва Фотима ҷои муҳаббату вафо нобовариву муноқиша мавҷ мезад. Ду фарзандашон шоҳиди муносибати ноҷӯри волидон буда, азоби рӯҳӣ мекашиданд. Зан дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ бо истифода аз корд падари фарзандонашро ба ҳалокат расонидааст"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тафсилоти ҳодисаи куштори шавҳар ба дасти ҳамсарро дар маҳаллаи Гулбӯттаи ноҳияи Рӯдакӣ мунташир кардааст.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи январ, вазорат хабар дода буд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ зани 28-солае ба иттиҳоми куштори ҳамсараш, марди 34-сола боздошт шуд.

Гуфта мешуд, зан дар пайи ҷанҷол соатҳои 11-и шаб ду маротиба ба шавҳараш корд задааст. Дар натиҷа мард дар бемористон ба ҳалокат мерасад.

Ба иттилои ВУД, рашки беасоси шавҳар нисбати ҳамсараш ва таҳқирҳои пай дар пай боиси сар задани ин ҳодиса шудааст.

"Заминаи пайдоиши асосии ин ҷиноят рашки пайдарҳам ва гумонҳои бади шавҳар ба завҷаи худ буда, дар натиҷа рашк одамкуширо ба бор овард", - омадааст дар хабари Вазорати умури дохила.

Гуфта мешавад, ки Фотима Маҳмудова ва Раҳим Шаҳриев дар маҳаллаи Гулбӯттаи ноҳияи Рӯдакӣ иҷоранишин буданд.

"Тафтишот муайян кард, ки тайи чанд соли ахир дар манзили муваққатан истиқоматии шаҳрвандон  Шаҳриев Раҳим ва Маҳмудова Фотима ҷои муҳаббату вафо нобовариву муноқишаҳо мавҷ мезад. Ду фарзанди ноболиғи хонадон шоҳиди муносибати ноҷӯри волидони худ буда, аз навозишу дӯстдориҳо бенасиб азоби рӯҳӣ мекашиданд", - афзудааст манбаъ.

Ҳаракатҳои тафтишотӣ ва пурсиши гумонбари марги шавҳар Фотима Маҳмудова ошкор кард, ки муносибатҳои таҳқиромез ва гумонҳои ботили марҳум иродаи гумонбарро заиф карда, ахиран дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ зан бо истифода аз корд шавҳари худ ва падари фарзандонашро ба ҳалокат расонидааст, таъкид мекунад ВУД.

Дар навор дида мешавад, ки Фотима Маҳмудова, ба кормандони мақомот чигуна ба шавҳар корд занашро нишон медиҳад.

"Ба тарафи шушаш задам, якта тарафи шушаш задам (бо корд - идора), якта тарафи дилаш задам. Ҳар рӯз маст меомад, безори ҷон карда буд, гулӯгирам карда буд, хестам ва куштамаш", - мегӯяд ӯ дар посух ба суоли милисаҳо ки чаро ба ин кор даст зад.

"Ҷинояти мазкур далели он аст, ки баъзе шаҳрвандон мушкилиҳои хонаводагӣ ва ҷамъиятии худро мехоҳанд худсарона ва бо хоҳиши худ ҳаллу фасл намоянд", - таъкид мекунад ВУД.

Нисбати гумонбар  бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне одамкушӣ дар Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ парванди ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.