Валерий Аҳадов: ҳар сонсургарӣ метавонад ба филм халал расонад

Коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик Валерий Аҳадов аз оқибати сонсургарӣ дар фалмҳо изҳори назар кард
Sputnik

Коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик Валерий Аҳадов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳар сонсургарӣ метавонад ба кино халал расонад.

“Ман фикр намекунам, ки чунин дахолати ҷарроҳӣ ба асари офаридашуда, дуруст аст. Имрӯз бо имконияту фановариҳои мавҷуда, ҳар касе, ки хоҳад ин саҳнаҳоро метавонад тамошо кунад. Шахс вориди интернет мешаваду филмро тамошо мекунад. Ҳамаи маҳдудиятро метавон пушти сар кард”, - гуфт Аҳадов.

Валерий Аҳадов: ҳар сонсургарӣ метавонад ба филм халал расонад

Валерий Аҳадов, коргардони тоҷик таъкид намуд, ки инсон ба худсонсургарӣ ниёз дорад.

“Ман тарафдори худсонсургарӣ мебошам. Барои мисол ман филмеро дар бораи ишқ ба навор мегирам, ки муносибатҳои маҳрамона дорад. Ман ҳамеша метавонам онро ба фарзандонам, набераҳоям ва ҳатто абераҳоям, ки ба тамошои филмҳо шурӯъ мекунанд, намоиш диҳам. Ман худсонсургарӣ дорам”, -  илова кард Валерий Аҳадов.

Мардуми Тоҷикистон интизор: тамошои дастаҷамъонаи филм дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

Вай таъкид кард, ки инсонҳое, ки худсонсургарӣ доранду одатҳоро риоя мекунанд, ҳеҷ гоҳ филмҳое, ки саҳнаҳои бӯсу канор доранд тамошо намекунанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии давлатӣ тасмим гирифтанд саҳнаҳои  бӯсу канор дар филмҳоро қайчӣ кунанд.

Валерий Аҳадов, коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик 9 августи 1945, дар Самарқанд, ба дунё омадааст. Вай ходими хизматнишододаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973), узви Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шӯравӣ, котиби раёсати Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.