Нигаронии Раҳмон аз берунбарии бойигариҳои Тоҷикистон: ӯ аз Ҳукумат хост, инро манъ кунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон содир шудани канданиҳои фоиданоки кишварро бидуни коркард мояи нигаронӣ хондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон саноати истихроҷро таҳлил карда, изҳор доштааст, ки маъодини кишвар, ё худ қисми зиёди маҳсулоти корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷ бе коркарди ниҳоӣ содир мешаванд.

Китоби мулоҳизаҳои Раҳмон дар бораи дунёи муосир ва сиёсати хориҷаи Тоҷикистон интишор шуд

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласаи васеи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон аз ин раванд изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки минбаъд Ҳукумати кишвар бояд барои манъ кардани содироти консентрати маъдан аз кишвар чораҷӯӣ намояд.

Бо мақсади ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба соҳаи коркарди маъдан дар ҷаласаи Ҳукумат таъкид гардидааст, ки аз 1 марти соли 2019 тартиби ҳисоб намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар гардида, бонуси истихроҷӣ, ҷорӣ ва пардохти маблағ вобаста ба ҳаҷми истихроҷ ҳамасола таъмин карда шавад.

Ин ташаббуси раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки хориҷ шудани канданиҳои фоиданоки конҳои кишвар бидуни коркард қаблан низ нигаронии бархе аз коршиносонро ба бор оварда буд.

Суҳбати ошкоро: намояндагони ҳизби ҳоким дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик чӣ хостанд

Пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ироа гардиданд, ки Ҳукумати кишвар саноатикунониро ҳадафи чоруми стратегии худ қарор додааст.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳо, кумитаҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардааст, ки барои саноатикунонии мамлакат нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.