Грозин гуфт, ки аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбакистон чӣ натиҷа хоҳад дод

Роҳбари шӯъбаи Осиёи Миёнаи Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин мегӯяд, ки ду сол пеш дар бораи раванди ба анҷом расидани аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбакистон ҳатто орзу кардан ғайриимкон буд
Sputnik

Гурӯҳи кории Ҳукумати Узбакистон феълан дар Душанбе қарор дорад ва якҷо бо намояндагони Тоҷикистон аломатгузории марзи ду кишварро баррасӣ мекунанд.

Грозин гуфт, ки аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбакистон чӣ натиҷа хоҳад дод

Ҷумҳуриҳо мехоҳанд, то 27 январ корро ба анҷом расонанд.

Ба гуфтаи Грозин, ду сол пеш дар даврони раёсати аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов касе тасаввур ҳам карда наметавонист, ки муносибати кишварҳо то ин дараҷа зуд рушд мекунад.

"Чизе, ки мо ҳоло мушоҳида мекунем - аз ҷиҳати иқтисодӣ рӯйдоди хело муҳим аст. Зеро муайян ва аломатгузории марз барои ҳамкориҳои марзӣ имконияти хуб фароҳам меорад. Пас аз сафари Мирзиёев ба Душанбе ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳо беҳтар шуданд, дар ҳоле ки ҳамагӣ ду сол пештар ҳамкорӣ дар ин соҳа дар дараҷаи сифр буд. Савдои берунаи Тоҷикистону Узбакистон ҳамагӣ чанд миллион долларро ташкил медод, ки нишонаи ях бастани ҳамкориҳо буд", - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Вай ҳамчунин афзуд, ки ҷумҳуриҳо нақша доранд, ки дар панҷ соли наздик гардиши колоро ба ду миллиард доллар расонанд, ки ба гуфтаи коршинос, ин нақша қобили иҷро аст.

Тафсилоти бештари коршиносро аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.