Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барқ хомуш карда мешавад

Дар қисми зиёди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз соати 9 субҳ то соати 16:00 барқ хомуш карда мешавад. Хомушкунии барқ тибқи нақшаи корҳои таъмирӣ сурат мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.  Дар қисми зиёди ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи панҷшабе, 24 январи соли равон барқ хомуш карда мешавад, иттилоъ додааст Шабакаҳои барқии Душанбе.

Хомӯшкунии нерӯи барқ дар навоҳии Душанбе

 “барқ дар соати 9 субҳ хомуш карда мешавад ва то соати 16:00 идома хоҳад ёфт. Хомушкунии барқ Бинобар сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ сурат мегирад”, - иттилоъ додааст манбаъ.   

Барқ дар дар ноҳияи Сомонӣ дар Маҳаллаи Хуҷанбиёи боло ва поён, кӯчаҳои Шафақ, Пулод Толис, Гагарин, Ҳазора, Ҳамзаалиев, Рӯдакӣ 139 (ДДТТ), НОБ-и поён, Карамова, Луночарская, Куприна, Охунбобоев, Боғи ботаникӣ, Заргар, Родишева, Назаршо Додхудоев, Муасисаи Давлатии Равшандиҳии Душанбешаҳр, Сехи бетон ҶДММ "Омега"  хомуш карда мешавад.

Ҳамчунин манбаъ таъкид намудааст, ки Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактики дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълон намуданд, ки Дар соли 2018 даромади Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ 23,5 миллион доллар ё ба 44,1 дарсад зиёд шуд. Харидорони асосии барқи Тоҷикистон Афғонистону Узбакистон арзёбӣ мешаванд.

Даромади Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ ба Узбакистону Афғонистон афзоиш ёфт

Дар соли 2018 неругоҳҳои барқи обии кишвар наздик ба 18,4 миллиард кВт/с барқ тавлид карданд. Дар ҳамин ҳол беш аз 1,3 миллиард кВт/с барқ аз ҳисоби марказҳои барқу гармидиҳии кишвар тавлид шудааст.

Тавлиди барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта 7,2 дарсад афзоиш ёфтааст. Инчунин, тавлиди барқ аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии кишвар дар ин давра 37,4 дарсад афзоиш ёфтааст.