Тавлиди маводи сӯхт дар Тоҷикистон зиёд шуд

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълон намудааст, ки истеҳсоли бензин дар Тоҷикистон дар соли гузашта наздик ба 932 тонна расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар соли 2018 истеҳсоли маводи сӯхт нисбат ба соли қаблӣ 2,4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон аз Туркманистон газу бензин мехарад

“Дар ин давра истеҳсоли бензин дар дохили кишвар 932 тоннаро ташкил додааст. Нишондиҳандаи тавлиди маводи сӯхти дизелӣ беш аз 17,1 ҳазор тоннаро ташкил дод",- иттилоъ додааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид намудааст, ки дар ин давра ба кишвар ҳамагӣ 446 тонна маводи сӯхт ба маблағи 310,8 миллион доллар ворид гардидааст.

Ба ҳисоби миёна арзиши як тонна маҳсулоти нафтӣ 696 долларо ташкил медиҳад.

Бо назардошти омилҳои мавҷуда, ҳеҷ замина барои болоравии нархи бензин дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Омилҳои асосие, ки дар соли гузашта дида шуда буданд, алакай ба нархи бензин таъсири худро гузоштааст.

Пиёда ба ҷои мошинсаворӣ: Ҷаҳиши нархи газу бензин баъди доллар

Ҳамин тавр дар ду соли гузашта арзиши бензин дар Тоҷикистон 50 дарсад боло рафтааст.

Инчунин, Тоҷикистон аз маводи сӯхти алтерантивӣ истифода менамояд. Тоҷикистон аз Узбакистон газ ворид мекунад, ки ба нарху талаботи бензин дар кишвар таъсир хоҳад гузошт.

Ёдрас мешавем, ки Қазоқистон тасмим дорад ба Тоҷикистон маводи сӯхт содир намояд. Ин иқдом метавонад ба талаботи ва арзиши маводи сӯхт дар кишвар таъсир расонад.