Китоби мулоҳизаҳои Раҳмон дар бораи дунёи муосир ва сиёсати хориҷаи Тоҷикистон интишор шуд

Дар ин китоб бори нахуст қисматҳои асосии ба сиёсати хориҷаи Тоҷикистон дахлдоштаи пайёмҳои ҳарсолаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар рӯи чоп омадаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон китоби мулоҳизаҳои раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи дунёи муосир ва ҷанбаҳои асосии сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” чоп шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Ташаббускорони чопи маҷмӯаи президент ҳайати муҳариррони “Народная газета” – нашриёти Ҳукумати Тоҷикистон, мебошанд.

Дар ин китоб нахустин бор қисматҳои асосии пайёмҳои ҳарсолаи  Раҳмон ба парлумони кишвар аз соли 2000 то 2018 ҷамъоварӣ шудаанд.

Маҷмӯа аз 222 саҳифа иборат буда дар он мулоҳизаҳои президент оид ба сиёсати хориҷаи кишвар ва инчунин рушди дунёи муосир интишор шудаанд.

Қайд шудааст, ки хонанда метавонад дар бораи хислат, самт ва бартариятҳои асосии сиёсати берунаи Тоҷикистон ва инчунин мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ маълумоти дақиқ пайдо кунад.

Ин маҷмӯа дар китобхонаҳои Душанбе дастраси хонандагон буда  инчунин дар дуконҳои китобфурӯши ба фурӯш гузошта шудааст.