ДУШАНБЕ, 23янв — Sputnik. Пешхизмате дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав дасти як зани сокини пойтахтро, ки 51-сол доштааст, шикаст. Полис нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, хабар медиҳад Раёсати корҳои дохилӣ дар Маскав.
"Ба шӯъбаи полис як зани 51-сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кард. Ҷабрдида хабар дод, ки дар яке аз қаҳвахонаҳо, дар хиёбони Мир дар рафти ҷанҷол пешхизмати қаҳвахона ба дасташ ҷароҳат расонид", - гуфта мешавад дар иттилоъ.
Қайд карда мешавад, ки дар пайи ин ҳодиса кормандони полис пешхизмати 29-солаеро боздошт кардаанд.
Бино бар иттилои расонаҳои Русия, пешхизмат шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.