Пешниҳоди афсона барои калонсолон бо оҳанги Далер Назаров дар Душанбе

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз таҳияи як намоишномаи ғайримуқаррарии ҷадид хабар дод, ки нахустнамоиши он 24 январ дар театри “Аҳорун” дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон,  24 январ дар Театри давлатии таҷрибавии тамошобини наврас ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, ё худ “Аҳорун” нахустнамоиши "Муҳоҷир аз Сайёраки Б-612" баргузор мегардад.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, намоиши мазкур, афсонае барои калонсолон буда, аз рӯйи асари машҳури Антуан де Сент Экзюперӣ - "Шоҳзодаи хурд" рӯи саҳна оварда шудааст.

Манбаъ афзуд, коргардони намоиш ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Сабоҳати Қосим ва оҳангсоз Далер Назаров мебошанд.