Обуҳавошиносон: баъд аз барфу борон ба Тоҷикистон сардиҳо омад

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаву сард дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард  ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар Тоҷикистон боридани барфу борон дар назар аст

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард  ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 7-12, инчунин то 15-17 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -4+1 дараҷа мерасад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14-19  ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  18-23 ва рӯзона 7-12  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1  ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 12-17 ва  рӯзона 0-5  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 6-11 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба  -4+1 дараҷа мерасад.