Коршинос дар бораи манъи саҳнаҳои бӯсу канор дар телевизионҳои Тоҷикистон: маъное надорад

Мунаққиди синамо Давид Шнейдеров қазияи манъи саҳнаҳои бусу канорро дар телевизионҳои Тоҷикистон бемантиқ медонад
Sputnik

Дар телевизионҳои Тоҷикистон пахши саҳнаҳои бӯсу канор мамнӯъ гардид. Гуфта мешавад, ин иқдом бо мақсади пешгирии паҳншавии афкори бегона ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ роҳандозӣ мешавад.

Коршинос дар бораи манъи саҳнаҳои бӯсу канор дар телевизионҳои Тоҷикистон: маъное надорад

Ҳоло киностудияи "Тоҷикфилм" ҳуқуқи бо телевизонҳо роҳ надодани ҳама гуна саҳнаҳои муносибатҳои маҳрамона, аз ҷумла бӯсу канорро пайдо кардааст.

Телевизионҳои давлатӣ то пахши филм саҳнаҳои "ноҷо"-ро қайчӣ мезананд.

Ба гуфтаи Шнейдеров, бо далели рушди интернет ва технология, сензура бемантиқ мегардад. Зеро муаллифон метавонанд дар интернет шакли пурраи маҳсули дасташонро пешниҳод кунанд.

"Ба фикри ман, кӯшиши  Тоҷикистон дар ҳифзи ҷавонон аз намоиши саҳнаҳои "беадабона"  фоидае надорад. Зеро ҳар ҷавоне ё наврасе метавонад чизеро ки дилаш хост, аз шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кунад. Маҳдудият то замоне ки он тамоми кишвар, аз ҷумла истифодабарандагони онро дар интернет дарбар нагирад, маъное надорад", - мегӯяд коршинос.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, барои ҷорӣ кардани ҳама гуна маҳдудият дар интернет миллиардҳо долларро сарф кардан лозим аст, ки онро кисаҳаи на ҳама давлатҳо мебардорад.