ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар имрӯз, 22 январ дар вилояти Суғд дар пайи таркиши корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ як тан кушта ва 2 тан маҷрӯҳ шуданд.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳудудан соатҳои 11:40 дар корхонаи "Манфиат", воқеъ дар шаҳри Гулистон, ки ба коркарди маҳсулоти нафтӣ машғул аст, сўхтор ба амал омада, таркиш ба вуқўъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, далели сар задани сӯхтор риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи сӯхт мебошад.
"Дар натиҷаи ин ҳодиса корманди ҳамин корхона Пулодов Фирдавс Шарифович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳалок гардид. Ду нафар корманди дигари корхона Олимҷонов Комилҷон Аъзамҷонович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Жо Су Син ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Гулистон бистарӣ карда шуданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Пизишкон ҳолати саломатии ҷароҳатбардоштагонро муътадил арзёбӣ кардаанд.
Ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон мавриди таҳқиқ қарор дорад.