Аввалин заминларзаи 4 балла дар соли нав ба қайд гирифта шуд

Субҳи имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон заминларза ба вуқуъ пайваст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Имрӯз, соати 09:33 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” дар иқтибос ба президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Марзи Тоҷикистону Афғонистонро заминларза такон дод

Бино бар иттилои манбаъ, дар Душанбе қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер 3-4 баллро ташкил дод.

“Маркази заминларза дар километри 10-уми самти шарқи Душанбе ҷойгир буд. Шиддатнокии заминларза дар маркази он 4 баллро ташкил дод”,- таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ ёдрас шудааст, ки ин аввалин заминҷунбӣ дар соли равон мебошад.