ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба сабаби муваққатан баста шудани роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, инчунин бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ дар интиқолот, ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” парвозҳояшро дар самти Душанбе-Хуҷанд-Душанбе зиёд намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” иттилоъ додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, то санаи 31 январ ширкат парвозҳояшро дар ин самт ду маротиба дар як рӯз анҷом медиҳад.
Дар сурати то охири моҳи январ барқарор нашудани ҳаракати нақлиёти автомобилгард, ширкати омода муҳлати парвоз ду маротиба дар як рӯзро тамдид намояд.
Ширкат таъкид намудааст, ки бори аввал нест, ки парвозҳо дар ин самт дар вақти басташавии роҳҳо, зиёд мегарданд. Қаблан низ дар рӯзи басташавии роҳ ва боришоти зиёд ширкати ҳавопаймоӣ миқдори парвозҳоро байни Душанбе ва Хуҷанд зиёд намуда буд.
Айни ҳол “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Узбакистон анҷом медиҳад. Ширкат дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 мебошад.