Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат низоми бонкии кишварро баррасӣ карда, аз камбуди асъори хориҷӣ ва зарурати эҳёи боварӣ ба бонкҳо суҳбат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст  гузориши раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзодаро шунид.

Аз “Тоҷик Эйр” то нигаронии Президент баъди ҳисоботи Шералӣ Кабир дар ҷаласаи Ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа таъкид дошт, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

“Норасоии асъори нақди хориҷӣ дар муомилот масъалаи дигари низоми бонкӣ мебошад, ки барои пешбурди фаъолияти самараноки соҳибкорон монеа эҷод мекунад”, - таъкид кардааст раисиҷумҳур. 

Эмомалӣ Раҳмон масъулини Бонки миллиро муваззаф кардааст, ки барои ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Раисиҷумҳур дар хитоб ба раёсати Бонки миллӣ ва Вазорати молия таъкид кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ва пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми молиявии кишвар тадбирҳои қатъӣ андешанд.