Интиқоди раисиҷумҳур аз таъмин нашудани даромад аз ҳисоби 2 намуди андоз

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз иҷро нашудани нақшаи даромад аз ҳисоби 2 намуди андоз ва ворид нашудани 420 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат дар соли 2018 изҳори нигаронӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, аз ҳисоби 2 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз даромад 8,3 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 411,3 миллион сомонӣ ба буҷа ворид нагардид.

Пахтаро хом ба хориҷа медиҳем: ба Раҳмон расонданд, ки 4 корхонаи муҳим аз кор монданд

Масъулини умури молияи Тоҷикистон гузориш додаанд, ки бо вуҷуди ин, қисми умумии даромади буҷети давлатӣ 100,3 фоиз таъмин шуда, ба он 23,3 миллиард сомонӣ ворид гардид. Нишондоди мазкур нисбат ба нақша 71,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

“Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз 100,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 101,2 фоиз таъмин карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали соли 2018-ум 59,2 миллион сомонӣ кам карда шуд ва ба ҳолати 31 декабри соли ҳисоботӣ 712 миллион сомониро ташкил дод.

Эмомалӣ Раҳмон барои кам намудани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби Ҳукумати кишвар талаб кардааст.