ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бинобар зиёд гардидани хавфи тармафароӣ тибқи талаботи Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - ум (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Дар ин бора Далери Абдулло, сухангӯи Ширкати “IRS” дар Тоҷикистон хабар дод.
Бино бар иттилои Далери Абдулло, минтақаи осебпазири ин роҳ километрҳои 62- 73 маҳсуб мешаванд, ки дар онҷо низ техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат фаъолият доранд.
“Баъд аз бартараф шудани тармаҳо ва хавфи тармафароӣ дар ин мавзеъ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамчунин Далери Абдулло қайд намуд, ки ситоди муштарак аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазоратҳои нақлиёту корҳои дохилӣ дар ин масир барои назорати роҳ фаъолият дорад. Айни замон роҳбарияти филиали Ширкат дар километри 62- юм қарор доранд ва доир ба ҳолати роҳ маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
Ёдрас мешавем, ки дар минтақаҳои Зарафшон ва Суғд роҳ аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард шуда, дар ин минтақаҳо роҳандозии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Масъулин аз ронандаҳо хоҳиш намудааст, ки қарори ширкатро дуруст дарк кунанд, зеро маҳдуд кардани ҳаракат ба амнияти худи онҳо рабт дорад.